Семинар
Санаи 27-уми ноябри соли 2020 бо тадорукоти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо бо иштироки адвокатҳои минтақаи шаҳри Душанбе ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ мизи мудаввар, оид ба муаррифӣ намудани Ҳисобот ва тавсияҳо аз натиҷаи мониторинги таъмини иҷроиши ҳуқуқҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба ҳимоя, таъмини иҷроиши ҳуқуқ ва ваколатҳои адвокат, таъмини иҷроиши муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, ки мустақилияти адвокатура ва фаъолияти адвокатиро таъмин менамояд ва мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, баргузор гардид. Чорабинии мазкур баҳри амалӣ намудани банди 17-и Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои СММ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои инсон барои солҳои 2016-2020, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон ба тасвиб расонида шудааст, роҳандозӣ ва ҷамъбаст гардида, нақшаҳои оянда вобаста ба тавсияҳо коркард ва баён карда шуд.