Семинари онлайнӣ

Бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо тадорукоти Намояндаи Комиссари Олии СММ дар Тоҷикистон имрӯз  бо иштироки адвокатҳо ва намояндагони ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон” ( Сарвараш Шоира Давлатова) ба тариқи онлайн семинар дар мавзӯи ” Ҳуқуқ ба манзили кофӣ. Ихроҷи/ кучониши иҷборӣ” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш масъалаҳои:
– мафҳуми ихроҷи/ кучониши иҷборӣ.
– Кафолатҳои қонунгузорӣ ҷиҳати ихроҷи/ кучониши иҷборӣ.
– муҳофизат аз ихроҷи иҷборӣ
ва ғайра мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки минбаъд низ аз ҷониби МТИА назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳои муштарак дар доираи таҷлили рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар баргузор карда хоҳанд шуд.