ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 01.11.2019 сол дар Китобхонаи милли Форуми панҷуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми миллӣ 16 нафар узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Яке аз модераторони Форуми миллӣ аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо Саидов Баҳодур буда вобаста ба зергуруҳи 5: Сиёсати ҳуқуқи ҷиноятӣ ва такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барандагӣ намуд.