ДАР ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА 25-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи 02.11.2019 сол дар Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович баромад намуда, иштирокчиён ва ҳамаи адвокатҳои ҷумҳуриро ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд. Ҳамчунин, Директори Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилов Фозил Олимович, Раиси мақоми минтақавии адвокатҳо дар шаҳри Душанбе Мирзовалиён  Ҳамзабек Ҳакимзода, узви Иттифоқи адвокатҳо Дилшодзода Суман, Саидзода Саидмуҳаммад, Назаров Наврузшоҳ ва дигарон вобаста ба таърих, моҳият ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо намуданд. Иштирокчиён махсусан аҳамияти боби 2-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, зикр намуда, эътироф, риоя ва ҳифзи онро таъкид намуданд. Дар охир ба адвокатҳои фаъоли минтақа ифтихорномаҳои ҷашнӣ супорида шуд.