ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲО

Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳо, идораҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманди таълимӣ-методиро ба роҳ монда, бо ин мақсад бо онҳо ёшдошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Яке аз чунин ташкилотҳо Ташкилоти ҷамъиятии ” Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон” маҳсуб меёбад, ки сарварии онро ҳуқуқшиноси варзида Шоирабону Давлатова ба ӯҳда доранд.
Дар ин замина, 6-уми феврали соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо вохӯрии таҷрибаомӯзони ин ташкилоти бонуфуз, ки аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи  славянии Русияву Тоҷикистон мебошанд, бо роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вобаста ба фаъолият ва таҷрибаи кории ниҳоди адвокатура табодули афкор сурат гирифт.