Шаклҳои ташкили фаъолияти адвокатӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аз 18 марти соли 2015 шаклҳои ташкили фаъолияти адвокатии зеринро пешбинӣ намудааст:

  1. Кабинети адвокатӣ (адвокате, ки фаъолияти адвокатиро ба таври инфиродӣ амали кардан мехоҳад)
  2. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ (ду ва зиёда адвокат ҳуқуқи таъсис додан доранд)
  3. Коллегияи адвокатҳо (панҷ ва зиёда адвокат ҳуқуқи таъсис додан доранд)
  4. Бюрои адвокатӣ (агар дар ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳое, ки шаклҳои зикршудаи ташкилотҳои адвокатӣ набошанд, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо ташабуси худ метавонад таъсис диҳад)