СЕМИНАР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Рӯзи 20-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд силсиласеминарҳо дар мавзӯи «Тақвияти малакаи пур кардани базаи маълумотҳои электронӣ ва масъалаҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ» барои адвокатҳои мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оғоз гардид. Чорабиниҳои мазкур барои амалӣ сохтани Консепсияи давлатӣ оид ба ёрии ҳуқуқии ройгон зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд.