СЕМИНАР ДАР МЕҲМОНХОНАИ “СЕРЕНА”

Дар таърихи 22-23 октябри соли 2019, дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе тренинг барои адвокатҳо ва кормандони Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи Савдои Саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои арбитражи байналмилалии тиҷорати баргузор мегардад. Ин мавзуъ барои адвокатҳо нав буда, дар айни ҳол муҳим ва интизоркунанда арзёби карда мешавад.
Дар ин ҳошия, хотиррасон менамоям, ки моҳи ноябри соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “юрисдиксияи эътирофшудаи байналмилалии судҳои Англия ва Уэлс” ворид карда шуда, намояндаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб дар он ҷо мамлакати моро муаррифи менамояд. Умедворем, ки ин тренинг барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии адвокатҳо дар ин шакли муҳими ҳалли баҳсҳои тиҷорати саҳмгузор хоҳад буд.