Семинар

    Санаи 5-уми ноябри соли 2020 дар меҳмонхонаи “Сӯғдиён”- и шаҳри бостонии Хуҷанд зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат” семинар дар мавзӯи “Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки адвокатҳои минтақаи вилояти Суғд баргузор гардид.
   Дар ин мизи мудаввар қонунгузории танзимкунанда, амалия ва мушкилотҳои ҷойдошта дар самти ҳуқуқи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар охир ба иштирокдорони семинар сертификатҳо супорида шуд.
     Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш бо ибтикор ва дастгирии ташкилоти мазкур чунин чорабинӣ бо адвокатҳои минтақаи Хатлон ва шаҳри Душанбе  доир гардида буд.