СЕМИНАР

Кабинети адвокатӣ яке аз шаклҳои ташкили фаъолияти адвокатӣ буда, тибқи қонун ҳар як адвокат ба тариқи инфиродӣ метавонад онро таъсис диҳад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ қариб 200 нафар адвокат бо ҳамин шакл фаъолияти касбии худро пеш мебаранд.
Маъмулан, ҳатто дар як минтақа сарҷамъ кардани онҳо корест мушкил. Хушбахтона, семинар-курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо дар мавзӯи “Тақвияти малакаи пур кардани базаи маълумотҳои электронӣ ва масъалаҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ”, ки рӯзҳои 12-13 ноябри соли 2019 баргузор гардид, 25 нафар кабинетҳои адвокатии шаҳри Душанберо таи ду рӯз сари як мизи мудаввари Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо гирд овард. Бо ҳам омадан, аз наздик ошноӣ пайдо намудан, табодули арзишманди донишу малакаву таҷриба, баҳсу мунозираҳои ҳадафманду судманд, изҳори озодонаи фикру мулоҳиза ва ақидаҳои холисона нисбати адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, бетараф набудан дар сарнавишт ва тақдири ин ниҳод, иштироки фаъолона  ва пешниҳодҳои созандаву бунёдкоронаи ҳар яки эшон дар ин чорабинӣ моро бори дигар ба ояндаи неку дурахшони адвокатураи тоҷик умедвор намуд.