Рузи дуюми семинар-тренинг дар мавзуи “Расмиёти маъмури дар Чумхурии Точикистон”
Рузи дуюми семинар-тренинг дар мавзуи “Расмиёти маъмури дар Чумхурии Точикистон” дар Маркази такмили ихтисоси адвокатхо ба охир расид. Дар ин ду руз зиёда 20 нафар иштирокчиён-адвокатхои Чумхурии Точикистон вобаста ба зермавзуъхо: хукуки хусуси ва оммави, хукуки маъмури, асосхои расмиёти маъмури, принсипхои расмиёти маъмури, иштирок дар расмиёти маъмури, тартиби баамалбарории расмиёти маъмури, санади маъмури, бекор кардан ва тагир додани санади маъмури, шикояти тосудии санади маъмури, шикояти судии санади маъмури ва ичроиши санади маъмури сабак омухтанд. Кор дар гуруххо ва ташкили бозихои сахнави оид ба ин мавзуъхо аз чолибтарин ва муфидтарин лахзахои ин чорабини махсуб меёфтанд.
Муаррифномахои экспертон Станислав Линкевич, Иноят Иноятов ва Абдуразок Алимардонов ба хусни ин курси такмили ихтисос шукуху шахомати хосае бахшида, музокирот ва мубохисахои арзишмандро дар чараёни семинар руи кор оварданд. Хамин тарик, нахустин хамкорихои дучонибаи Чамъияти Олмони оид ба хамкорихои байналмилали ва Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон натичаи дилхоху самараи хуб дод ва умедворем, ки дар оянда ин хамбастагиву хамгироихои мутакобилан судманд таквият хохад ёфт.