Дар бораи Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 июни соли 2016 Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон барои амали намудани талаботхои моддаи 35 Конуни ЧТ ” дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокати” бо максади бозомузи ва такмили ихтисоси адвокатхо Маркази такмили ихтисоси адвокатхоро таъсис намуд. Маркази мазкур вохиди сохтории Иттифоки адвокатхо буда, бахри баланд бардоштани савияи дониш, маълумотноки ва малакаи касбии адвокатхо, ердамчи ва коромузи онхо вобаста ба сохахои гуногуни хукук бо назардошти тагироту иловахо ба конунгузории амалкунанда ва тачрибахои суди-хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.
Баъди Анчумани навбати ибтидо аз мохи августи соди 2017 бо дастгирии бевоситаи Раиси Иттифоки адвокатхо мухтарам Нуритдинов Саидбек Хасанович, шарикони рушд ва талошхои пайвастаи кормандони Марказ ин даргохи илму маърифат дар як муддати кутох бо тачхизот ва адабиёти муосири таълими таъмин шуда, чавобгуи меъёрхои муайянкунанда ва санчишии раванди таълим гардид.
Натичаи ин мехнату захматхо буд, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Чумхурии Точикистон тахти раками 1068 аз 22 феврали соли 2019 ба Маркази такмили ихтисоси адвокатхо Ичозатнома оид ба хукуки пешбурди фаъолияти таълими дода шуд, ки ин рухдод боз як сахифаи рангинро дар таърихи адвокатураи точик боз намуд. Ичозатномаи мазкур дар таърихи 1 марти соли 2019 аз чониби Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф расман ба Раиси Иттифоки адвокатхо Нуритдинов С.Х. супорида шуд. Ман хамчун директори Марказ аз фурсати муносиб истифода бурда, адвокатхои чумхури, ёрдамчиёни адвокат, коромуз адвокат, хамаи хамкасбон, хампешагон ва хамкадамонро ба ин муносибат табрику тахният мегуям.