МИЗИ МУДАВВАР ДОИР БА МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ «СТАНДАРТҲО ОИД БА СИФАТИ КОРИ АДВОКАТҲО, КИ ДАР ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ ЁРИИ ҲУҚУҚИИ БАЛАНДИХТИСОСИ ДУЮМДАРАҶА МЕРАСОНАНД»

Санаи 14.11.2019 сол дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва аъзоёни Иттифоқи адвокатҳо мизи мудаввар доир ба муҳокимаи лоиҳаи «Стандартҳо оид ба сифати кори адвокатҳо, ки дар парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии баландихтисоси  дуюмдараҷа мерасонанд», баргузор гардид. Директори Марказ Оқилов Фозил чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳамкасбонро хайра мақдам гуфт. Раиси Иттифоқи адвокатҳо Нуриддинов Саидбек Ҳасанович  сухани ифтитоҳӣ намуда, оиди аз ҷониби ниҳоди адвокатура дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудани Консепсияи давлатӣ «дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» ва аҳамияти мавзӯи баррасӣ шаванда баромад намуданд. Сониян,  банд ба банд лоиҳаи стандартҳои мазкур аз ҷониби Лоиқ Нусратов — Директори Муассисаи давлатии » Маркази расонидани ёрии ҳуқуқӣ»- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баҳодур Саидов-аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуда, вобаста ба он  муҳокимарониҳои судманд ва пешниҳоди тавсияҳои арзишманд сурат гирифт.