МИЗИ МУДАВВАР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Санаи 19-уми ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи «Хуҷанд-Делюкс»-и шаҳри Хуҷанд  бо иштироки адвокатҳои мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мизи мудаввар доир ба муҳокимаи лоиҳаи «Стандартҳо оид ба сифати кори адвокатҳо, ки дар парвандаҳои ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқии баландихтисоси  дуюмдараҷа мерасонанд», баргузор гардид. Аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, директори Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо Оқилов Фозил чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳамкасбонро хайра мақдам гуфт. Раиси Иттифоқи адвокатҳо Нуритдинов Саидбек Ҳасанович  сухани ифтитоҳӣ намуда, оиди аз ҷониби ниҳоди адвокатура дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудани Консепсияи давлатӣ «дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» ва аҳамияти мавзӯи баррасӣ шаванда баромад намуданд.
Лоиқ Нусратов — Директори Муассисаи давлатии » Маркази ёрии ҳуқуқӣ»- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин мавзуъ маълумоти бештар дода, аҳамияти татбиқ шудани ин Консепсияро дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи адвокатҳо барои мақомоти судиву тафтишотӣ ва ҳам барои адвокатҳо мусбӣ арзёбӣ намуд. «Доир намудани чунин мизҳои мудаввар дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ бо мақсади муайян ва ҳал кардани мушкилиҳои соҳа, дар ин замина такмил додан ва коркарди ин стандартҳо  роҳандозӣ карда шудааст»- зикр намуд мавсуф.
Баҳодур Саидов-аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён лоиҳаи ин санадро муаррифӣ карда, банд ба банд маънидод намуд. Дар охир, аз ҷониби адвокатҳо  муҳокимарониҳои судманд ва пешниҳоди тавсияҳои арзишманд  ироа карда шуданд.