Мизи мудаввар дар мавзуи “Ташаббуси глобалии зерҳисоботӣ: муносибати бераҳмона бо шахсоне, ки дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешаванд: қонунгузорӣ, амалия, қарорҳо”
Рӯзи 26-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе зимни ҳамкориҳои мутақобилан судманди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (МКЮ) мизи мудаввар дар мавзуи “Ташаббуси глобалии зерҳисоботӣ: муносибати бераҳмона бо шахсоне, ки дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешаванд: қонунгузорӣ, амалия, қарорҳо” бргузор гардид. Дар кори он мутахассисони байналмилалӣ ва миллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аъзоёни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муаррифномаҳои зерин:
– Шиносоӣ бо ташаббуси глобалӣ оид ба зерҳисобот дар Тоҷикистон.
– Мушкилиҳое, ки ҳангоми кор бо парвандаҳои ба шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, пастзанандаи шаъну шараф вобаста бавуҷудоянда.
– Кор дар гуруҳҳои майда, тайёр намудани пешниҳодҳо ва таклифҳо.
мавриди баррасӣ ва мубоҳиса қарор гирифтанд.
Нишасти мазкур дар фазои мубоҳиса ва муколамаи судманди тарафайн, ироаи саволу ҷавобҳои дақиқу муассир ва пешниҳод намудани роҳҳои арзишманди ҳалли ин мушкилотҳо доир гардид.