Хифзи хукуки инсон дар низоми СММ : шикоятхои инфироди

Имруз дар истирохатгохи ” Акваклуб”-и шахри Норак бо ибтикори намояндаи Комиссари олии СММ оид ба хукуки инсон дар Точикистон ва Маркази такмили ихтисоси адвокатхои назди Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон курси такмили ихтисос дар шакли тренинги дуруза дар мавзуи ” Хифзи хукуки инсон дар низоми СММ : шикоятхои инфироди” ба кори худ огоз намуд. Дар кори он намояндаи Комиссари олии СММ дар Точикистон Сухроб Шоев, эксперти байналмилали Нигина Бахриева ва 25 нафар адвокатхои шахри Душанбе хамчун шунаванда иштирок доранд. 
Дар ин чорабини мавзуъхои зерин :
– химояи хукукхои инсон дар низоми СММ : макомоти шартномави.
– шикоятхои инфироди ба макомоти шартномавии СММ : маълумоти умуми, шартхои мавриди кабул карор гирифтани онхо.
– машгулиятхои амали : мундаричаи парвандахо, асосноккунии шартхои мавриди кабул карор гирифтан ( кор ба сифати аризадиханда).
– шикоятхои инфироди ба макомоти шартномавии СММ : асоснокунии поймолшавии хукукхои инсон, эродхои бо тартиби умуми овардаи Кумитахои СММ оид ба хукуки инсон.
– машгулиятхои амали: асосноккунии поймолшавии хукуки инсон.
– табодули корхо: ( кор ба сифати намояндагони давлат).
– мухокимаи натичаи машгулиятхои амали ва гайра мавриди омузишу барраси карор хоханд гирифт.