Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи истиқлолияти кишвар ва дастоварди бузурги адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ташкил медиҳад, ки тибқи он Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 қабул карда шуд.
Дар Паёми Президенти кишвар бори аввал ба ниҳоди адвокатура таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурияти ислоҳоти он баён гардид. Қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии касбӣ мебошад. Дар Нақшаи чорабиниҳо оиди амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 пешбинӣ шуда буд, ки барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст низоми адвокатура таҷдиди назар карда шуда, дар навбати аввал бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” таҳия ва дар таҳрири нав қабул карда шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти адвокатӣ бо Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” аз 04 ноябри соли 1995 ба танзим дароварда шуда буд.
Моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамуд, ки “Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва суд кафолат дода мешавад. Ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқиро Қонуни Конститутсионӣ ба танзим медарорад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ ягона давлате буд, ки ба Қонуни мазкур чунин мақом дода буд.
22 июли соли 2003 баъд аз райъпурсии умумихалқӣ ба моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид намуда, калимаи “Қонуни Конститутсионӣ” ба калимаи “Қонун” иваз карда шуд.
Он замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адвокатҳо ба ду категория тақсим мешуданд: адвокатҳо-аъзоёни Коллегияи адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор – соҳибкор, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Вазорати адлия додашуда ёрии ҳуқуқӣ мерасониданд.
Қонунгузор фаъолияти адвокатиро духура муайян намуда буд, яъне Коллегияи адвокатҳо ҳамчун ташкилотҳои мустақили касбӣ, ки ғайритиҷоратӣ буданд ва ҳамзамон адвокатҳои-ваколатдор, ки чун соҳибкор эътироф мешуданд.
Болотар аз ин, ягонагии фаъолияти адвокатӣ ва қоидаҳои ягонаи интизоми касбӣ мавҷуд набуд. Адвокатҳо дар ҳолати парокандагӣ қарор дошта, мақомоти ягонаи касбӣ, ки адвокатҳоро муттаҳид месохт ва ҳамаи масъалаҳои фаъолияти касбии адвокатиро ба танзим медаровард, мавҷуд набуд.
18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ба имзо расонида шуд, ки қонуни мазкур аз 27 марти соли 2015 мавриди амал қарор дода шуд.
Воқеан, адвокатҳо ба қабул карда шудани чунин як қонун, ки адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар танзиму таҳким намояд, хеле ниёз доштанд. Тибқи талаботи қонуни мазкур бояд дар муҳлати на дертар аз 6 моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани он Анҷумани якуми адвокатҳо гузаронида шуда, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешуд.
Рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Анҷумани якуми адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар рӯзи якуми кории он аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, яъне мақомоти минтақавии он дар 5 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ташкил карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар ин анҷуман баҳри рушди минбаъдаи адвокагура ва гузаронидани ислоҳот Раёсати Иттифоқи адвокатҳо интихоб гардида, як қатор хуҷҷатҳои муҳим, аз қабили Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокатҳо, Низомномаи мақомоти минтақавӣ ва ғайра қабул гардид.
Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дар таърихи 11 декабри соли 2015 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Иттифоқи адвокатҳо ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аст, ки ба узвияти ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.
Иттифоқи адвокатҳо ва мақоми минтақавии он бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони мамлакат, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомотҳои давлатӣ, назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомӯзию такмили ихтисоси онҳо ва аз ҷониби эшон риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда шудааст.