Хуш омадед ба сомонаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи истиқлолияти кишвар ва дастоварди бузурги адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 20 апрели соли 2011 ташкил медиҳад, ки тибқи он Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 қабул карда шуд.

Дар Паёми Президенти кишвар бори аввал ба ниҳоди адвокатура таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурияти ислоҳоти он баён гардид. Қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии касбӣ мебошад. Дар Нақшаи чорабиниҳо оиди амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 пешбинӣ шуда буд, ки барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст низоми адвокатура таҷдиди назар карда шуда, дар навбати аввал бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” таҳия ва дар таҳрири нав қабул карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти адвокатӣ бо  Қонуни  Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура” аз 04 ноябри соли 1995 ба танзим дароварда шуда буд.

Моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамуд, ки “Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва суд кафолат дода мешавад. Ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқиро Қонуни Конститутсионӣ ба танзим медарорад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ ягона давлате буд, ки ба Қонуни мазкур чунин мақом дода буд.

22 июли соли 2003 баъд аз райъпурсии умумихалқӣ ба моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағирот ворид намуда,  калимаи “Қонуни Конститутсионӣ” ба калимаи “Қонун” иваз карда шуд.

МУФФАСАЛ

ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Иштирок дар парвандаҳои ҷиноятӣ

ПАРВАНДАҲОИ ГРАЖДАНӢ

Иштирок дар парвандаҳои гражданӣ

ПАРВАНДАҲОИ ОИЛАВӢ

Иштирок дар парвандаҳои оилавӣ

ПАРВАНДАҲОИ МАЪМУРӢ

Иштирок дар парвандаҳои маъмурӣ

ПАРВАНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Иштирок дар парвандаҳои иқтисодӣ

БАҲСҲОИ ЗАМИН

Иштирок вобаста ба баҳсҳои замин

БАҲСҲОИ МЕҲНАТӢ

Иштирок вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ

ҶАМЪОВАРИ ҲУҶҶАТҲО

Расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҷамъовари ҳуҷҷатҳо

800

Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

27546

Ёрии ройгон расонида шудааст ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

Шарикон