Чорабинии омӯзишӣ

Санаи 26 – 29 ноябри соли 2024 дар Меҳмонхонаи “Серена” чорабинии омӯзишӣ барои адвокатҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шуд. Чорабинии омӯзишии мазкур чор рӯз давом намуда, ба адвокатҳо аз тарафи омӯзгорони ботаҷрибаи байналмилалӣ ва милли дар мавзӯи: Малакаҳои асосӣ барои адвокатҳои амалкунандаи ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар Тоҷикистон омӯзиш гузаронида шуд. Айнан чунин чорабинӣ чанд рӯз қабл баргузор гардида буд.
Иттифоқи адвокатҳо саъйю кӯшиш дорад, то ки бештари адвокатҳоро ба чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ҷалб намуда, донишу малака ва такмили ихтисоси онҳоро рушд диҳад.