Чорабинӣ

5 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи “Хилтон” маросими пӯшидашавии Барномаи “Коромӯзӣ барои занони ҷавони ҳуқуқшинос дар Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони БРСММ ва Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон – ҳамчун шарикони рушд, роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳо, коромӯз-адвокатҳо, роҳбарони коромӯзӣ ва ҳамоҳангсозонӣ барномаи мазкур аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиш суханрониҳо ва муаррифномаҳои коромӯзон-адвокатҳо аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ШНТҶ ва вилояти Суғд, баҳодиҳии роҳбарони коромӯзӣ ва ҳамоҳангсозони ин минтақаҳо манзури иштирокчиён гардонида шуд. Роҳбарияти Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шарикони рушд аз бомувафаққият ва дар сатҳи баланд ҷамбаст шудани барномаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуданд, ки минбаъд низ занони ҷавони ҳуқуқшиносро барои дастрасӣ пайдо кардан ба касб ва фаъолияти адвокатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард. Дар охири чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни барномаи мазкур сертификат, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.