БОЗОМӮЗИИ АДВОКАТҲО

Рӯзҳои 13-14 апрели соли 2020 бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адвокатҳо, коромӯз адвокатҳо ва таҷрибаомӯзони ташкилотҳои адвокатии минтақаи шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи » Иштироки адвокат дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ» баргузор гардид. Дар семинари мазкур омӯзгорони Марказ ба шунавандагон доир ба қонунгузории муайянкунандаи тартиби мурофиаи судии ҷиноятӣ, принсипҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ: салоҳият, ваколат, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, ваколатҳои адвокат, ҳуқуқу   ӯҳдадориҳои ӯ ва ғайра дарс гуфта, машғулиятҳои амалиро вобаста онҳо гузарониданд.