Анҷумани навбатии 3-юми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
16-17 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Анҷумани навбатии 3-юми адвокатҳои Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон аз мақомоти минтақавии адвокатҳо дар ВМБК, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, зиёда аз 25 масъала, аз ҷумла интихоби Раиси Иттифоқи адвокатҳо, аъзоёни Раёсати Иттифоки адвокатҳо, намояндагони Комиссияи ихтисосӣ, Комиссияи ревизионӣ, Комиссияи интизомӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин чорабинӣ Раиси Иттифоқи адвокатҳо Нуритдинов Саидбек Ҳасанович дар назди вакилон ҳисобот дода, зикр намуд, ки воқеият, эътироф ва ифтихори таърихист, ки 18 марти соли 2015 аз ҷониби Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” ҳамчун самараи истиқлолияти давлативу миллӣ ба имзо расонида шуд. Тибқи қонуни мазкур аввалин маротиба дар таърихи адвокатураи тоҷик 18 сенгябри соли 2015 Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ШНТҶ таъсис дода шуд.
Давлат қонуни мазкурро ба он хотир қабул намуд, ки расонидани ёрии ҳукуқӣ, аз он ҷумла расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро ба шаҳрвандон кафолат диҳад. Чунин кафолат маҳз тавассути ниҳоди адвокатура амалӣ гардонида мешавад. Мақсади дигар ин қонун он аст, ки ниҳоди адвокатиро муттамарказ, ҳамаи адвокатҳоро муттаҳид ва фаъолияити онҳоро дар кишвар танзиму таҳким намояд.
Имрӯз даст ёфтан ба иттифоқи касбӣ беҳтарин неъмат ва дастоварди бузурги адвокатҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки боиси шукру сипос ва қадрдониву арҷгузорист. Мақом, маром ва ҳадафи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваҳдату ягонагӣ, эътирофу шинохти арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва одоби касбии адвокатҳо мебошад.
Бо назардошти ҳамин арзишҳои олӣ ва муқаддасу азиз Иттифоқи адвокатҳо баҳри ташкил намудани шароити арзандаи корӣ, баланд бардоштани обрӯ ва мақоми ниҳод, рушд ва такмили фаъолияти адвокатӣ масъулияти интизомӣ ва ахлоқиро дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ бар дӯш гирифта, самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муайян кардааст.
Дар ин замина, барои расонидани ёрии ҳуқуқии касби ба аҳолии кишвар имруз дар ҷумҳурӣ қариб 800 нафар адвокатҳо фаъолият мекунанд, ки онҳо дар 18 Коллегияи адвокатҳо, 22 маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ва зиёда аз 200 кабинетҳои адвокатӣ муттаҳид гаштаанд. Адвокатҳо танҳо дар соли 2018 ба 27000 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ёрии ҳуқуқи расонидаанд, ки 23000 онро ёрии ҳуқуқии ройгон ташкил менамояд.
Дар ин Анҷуман Нуритдинов Саидбек Ҳасанович аз нав ба вазифаи Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуда аъзоёни Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин: Одинаев Сайдалишо Ҳукуматшоевич, Саидов Баҳодур Азизулоевич, Оқилов Фозил Олимович, Маҳсиддинов Сафаралӣ Сироҷович, Ниёзов Умед Воҳидҷонович, Юнусов Суҳроб Раҳмоналиевич, Чоршанбиев Маҳмадалӣ Акрамҷонович ва Маҳмудов Зулфалӣ Қурбонмадович интихоб гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби вакилони Анҷуман аъзоён ва раисони Комиссияҳои ревизионӣ, интизомӣ ва аъзоёни Комиссияи тахасусӣ интихоб карда шуда, сметаи хароҷотҳо барои нигаҳдории фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо то анҷумани навбати тасдиқ гардид.