Конференция
Дар таърихи 28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москва Шурои ҷамъиятӣ дар назди ташкилоти асосии давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба фаъолияти адвокатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони Палатаи Федеролии адвокатҳои Федератсияи Россия ва роҳбарони мақомоти иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз намояндагони сохторҳои адвокатӣ аз Ҷумҳуриҳои Белорус, Арманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат доштанд.
Дар конфронси мазкур низомнома “ Дар бораи Шурои ҷамъиятӣ дар назди ташкилоти асосии давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба фаъолияти адвокатӣ” қабул гардид.
Чорабинии мазкурро хонум Володина Светлана Игоревна – Президенти Палатаи адвокатҳои Федератсияи Россия ва ҷаноби Бесхмельницын Максим Михайлович – муовини Вазири адлияи Федератсияи Россия ҳусни оғоз бахшиданд.
Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ тибқи банди 3.3-и низомномаи Шуро ҳуқуқи пешниҳоди масъалаҳои марбут ба масоили адвокатураро дар рӯзномаи ҷаласаи Шуро доранд.
Аз тарафи узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалиён Ҳамзабек, ки дар ин чорабинӣ Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ менамуд, ҳамчун аъзои Шуро пешниҳод намуданд, ки шумораи аъзоён дар Шӯрои ҷамъиятии мазкур аз ҳар давлат се нафар қабул гарданд.
Ҳамчунин, барои ҳалли масъалаи доғи рӯз, яъне ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия аз тарафи намояндаи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки 50 нафар адвокатҳои ҳирфаии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супурдани имтиҳонҳои соддакардашуда тавонанд дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолиятӣ адвокатӣ анҷом диҳанд. Иқдоми мазкурро намояндаҳои адвокатураи дигар давлатҳои Осиёи миёна низ хуб истиқбол намуданд.
Чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ба ширкаткунандагон барои хотира адабиёти ҳуқуқӣ тақдим гардидааст.