Чорабинии омӯзишӣ оид ба малакаи баромад дар мурофиаи судӣ барои занони ҷавони ҳуқуқшинос (коромӯз – адвокатҳо)

     Бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Коромӯзӣ барои занони ҳуқуқшинос дар Иттифоқи адвокатҳо”, санаи 10 – 12 октябри соли 2024 аз тарафи Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар осоишгоҳи “Сароб” барои занҳои ҷавони ҳуқуқшинос (коромӯз – адвокатҳо) чорабинии омӯзишӣ оид ба малакаи баромад дар мурофиаи судӣ гузаронида шуд.
     Барои пурра аз худ намудани маводҳои таълимӣ ва мустаҳкам кардани донишҳои иштирокчиён дар ин чорабинӣ методикаҳои гуногуни омӯзишӣ истифода гардида, ҳамчунин дар доираи корҳои амалӣ саҳнаи гузаронидани мурофиаи судӣ аз рӯи парвнадаи оилавӣ бо иштироки омӯзгорон ва коромӯз – адвокатҳо баргузор карда шудааст.
     Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ бо истифодаи методикаҳои муосири таълимӣ ба баланд бардоштани малакаву дониши муттахассисони ҷавон ва омода гардидани онҳо барои фаъолияти мустақилонаи адвокатӣ ва супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ равона карда шудааст.