Ҷаласаи Раёсати навбатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 11 декабри соли 2020 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати навбатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин:
1. Савгандёдкунии адвокатҳо.
2. Баррасии истеҳсолотҳои интизомӣ ва хулосаҳои Шӯрои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
3. Муҳокима ва гузаронидани ҳисоботҳои солона.
4. Дигар масъалаҳо
мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳони тахассусӣ 30 нафар адвокатҳо дар назди Раёсати Иттифоқи адвокатҳо савганди касбӣ ёд карда, ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо дохил шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо сабабҳои маълум (яъне пандемияи короновирус) ин нахустин савгандёдкунии адвокатҳо дар соли 2020 ба ҳисоб мерафт.
Вобаста ба масъалаи дуюм Раёсати Иттифоқи адвокатҳо парвандаҳои интизомӣ ва хулосаҳои ММИА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуда, бинобар муддатҳои тӯлонӣ напардохтани аъзоҳаққӣ дар бораи аз узвияти Иттифоқи адвокатҳо хориҷ намудани 11 нафар адвокатҳо ва пешниҳод ирсол намудан ба Комиссияи тахассусӣ дар бораи қатъ кардани мақоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул кард.
Дар бораи гузаронидани ҳисоботҳои солона то 20 феврали соли 2021 қарор қабул намуда, инчунин тибқи масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа Раёсат хулосаи Комиссия дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳоро, вобаста ба муроҷиати адвокат Қ.Д. дар бораи поймол шудани ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо, мавриди баррасӣ қарор дода, бо назардошти мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар бораи ирсол намудани муроҷиатнома ба унвони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дидани чораҳо ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои суратгирифта қарор қабул кард.
Ғайр аз ин, дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти корӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.