Тренинг оид ба мавзуи “Бехатарии адвокатҳо”
Рӯзи 27-28 сентябри соли 2019 дар Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Ёддошти тафоҳуми ба имзо расида аз моҳи ноябри соли 2018 байни Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (МКЮ) тренинг оид ба мавзуи “Бехатарии адвокатҳо” доир гардид. Дар он муаррифномаҳои зерин:
- Механизм ва стандартҳои байналмилалии ба ҳуқуқҳои адвокатҳо дахлдошта.
- Системаи муҳофизати ҳуқуқҳои инсон дар Созмони Милали Мутаҳид, механизм ва воситаҳо.
- Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи ба мустақилияти адвокатҳо дахлдошта.
- Стандартҳои байналмилалии ба дасгиркунӣ ва дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан таъаллуқ дошта: равиши корбарии мақомотҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон.
- Мушкилотҳои асосие, ки мустақилияти адвокатҳоро дар Тоҷикистон халалдор месозанд: марҳилаҳои то судӣ ва судӣ.
- Ташкилшавӣ ва ваколатҳои Комиссия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии адвокатҳо дар Тоҷикистон.
- Мушкилотҳо ва дастовардҳои асосии Комиссияи мазкур.
мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Аз руи ин муҳокимаҳо пешниҳодҳо ва таклифҳои дахлдор қабул гардиданд.