Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

11.09.2019 19:14, шаҳри Кӯлоб

Шоми рӯзи 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори солгарди 28 – уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни истиқлол ва ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб барои истиқболи гарму самимӣ, ҷонибдории сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба шаҳри бостонӣ шукуфоӣ ва ба сокинони шарафмандаш барору комёбӣ орзу намуданд.

Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои арзандаи даврони соҳибистиқлолӣ, хоҳишу талошҳои мардум баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлатдории навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бисёр арзишманд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бою қадимаи шаҳри бостонӣ ва мардуми ҳунарманду орифаш ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сокинони шарафманди Кӯлоб бо ифтихор аз таърихи гузаштаи худ ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти шаҳр хеле корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома дошта, то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ иҷро шудааанд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст.

Соли 2018 аз ин ҳисоб 64 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва 44 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд. Сохтмону таъмири иншооту биноҳо тибқи нақша босуръат идома дошта, то охири соли 2019 – ум 206 иншооти дигар ба истифода супорида мешавад.

Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки бо татбиқи тадбирҳои созанда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои сокинон тамоми шароити зарурии кору зиндагӣ муҳайё карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб давоми ду рӯз 16 иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардида, 35 иншооти дигар бо иштироки аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, беш аз 50 бинои навбунёд ба истифода дода шуданд.

Дар ин замина боз қариб 500 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар охир Президенти мамлакат бори дигар бо изҳори умеду боварӣ таъкид доштанд, ки сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ин ободкориҳоро ҳифз менамоянд ва  барои рушди ин шаҳри таърихӣ дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти он саҳми арзанда мегузоранд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ солгарди 28 – уми Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони санъат ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки хеле хотирнишин буд.

http://www.president.tj