28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамкасбони азиз!

6 сентябри соли 2019 дар Маркази такмили ихтисоси назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нуритдинов Саидбек Ҳасанович, муовини раис Одинаев Сайдалишо, раиси мақоми минтақавӣ Ҳамза Мирзовалиён ва Директори марказ Фозил Оқилов баромад намуда, ҳамаи адвокатҳои ҷумҳуриро бо ин ҷашни фархунда ва пурсаодат муборакбод гуфтанд. Ҳамчунин, адвокатҳои фаъоли минтақаи шаҳри Душанбе суханронӣ карда, таҳният ва таманниёти худро изҳор намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зода ва самараи истиқлолияти давлатӣ буда, беҳтарин неъмат ва дастоварди бузурги адвокатҳо маҳсуб меёбад.

Дар охир ба адвокатҳои фаъоли минтақа барои хизматҳои шоёнашон дар рушди адвокатураи тоҷик ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар шаҳри Душанбе ифтихорномаҳо супорида шуд.