ҲАМОИШИ ОНЛАЙНӢ
Санаи 22-уми сентябри соли 2020 бо тадорукоти Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико ҳамоиши онлайнӣ вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои ташкилии низоми такмили ихтисоси адвокатҳо аз рӯи таҷрибаи минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар кори он 20 нафар намояндагон аз АБАРОЛӢ ва адвокатураҳои мамлакатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуритдинов Саидбек Ҳасанович, Райымкулов Билим Сардалбекович-Раиси Адвокатураи Ҷумҳурии Қирғизистон, Эрназаров Алим Кадырович-Раиси Палатаи адвокатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Баймуханова Кадыржан Рысмухановна- Раиси Коллегияи Республикавии адвокатҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, директорони Маркази такмили ихтисоси ин кишварҳо ва дигар мутахассисон иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур масъалаҳои мубрами такмили ихтисоси адвокатҳо, таҳкурсӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор гирифта, саволу ҷавобҳои судманд миёни ширкаткунандагон сурат гирифт. Дар охир зикр карда шуд, ки ин платформаи (минбари) онлайнии музокироту муносибот ҳамчун таҷрибаи аввалин дар ин шароит аллакай натиҷаҳои мусбии худро дод ва тасмим гирифта шуд, ки ҳамоишҳои ҳамсон дар оянда низ ба хотири рушду густариши равобити мутақобилан судманди ниҳоди адвокатураҳои минтақаҳои Осиёи Миёна идома дода шаванд.